Муҳтарам Раис,
Олиҷанобон роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Дӯстони гиромӣ!
Нахуст, мехостам миннатдории самимии худро ба Ҳукумат ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф ва ба мардуми кишвари ба мо дӯсту бародари Покистон барои меҳмоннавозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ баён намоям.
Сатҳи баланди омодагӣ ба ҳамоиши имрӯзаи мо, бешубҳа, боз як нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлати Покистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад.
Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар арафаи чилумин солгарди ба имзо расидани Аҳдномаи Измир, ки заминаи асосии роҳандозии фаъолияти минбаъдаи онро гузоштааст, сурат мегирад ва ин басо рамзист.
Як нуктаи дигар низ қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ ба шомилшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷону Афғонистон ба созмон бисту панҷ сол пур мешавад.
Аз ҳисоби ин кишварҳо тавсеа ёфтани ҷуғрофияи созмон иқтидор ва аҳаммияти геостратегии онро ҳамчун ҳалқаи ягонаи се минтақаи таркибии қитъа – Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Ҷанубӣ – дучанд боло бурд.
Мусаллам аст, ки тайи давраи сипаришуда мо дар масири рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаамон ба дастовардҳои умедбахш ноил гардидем.
Ба шарофати талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои афзалиятнок ташаккул ёфта, ҷиҳати густариши тиҷорати байни кишварҳои мо, рафтуомади мардум ва ҳамлу нақли транзитӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар баробари ин, як қатор барномаҳои муҳимми инфрасохторӣ татбиқ гардида, ҳамкориҳои гуманитариву фарҳангии кишварҳои мо густариш ёфтанд.
Рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзои созмон ба ҳайси яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.
Ҳиссаи кишварҳои созмон дар гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло беш аз 36 фоизро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо, ҳанӯз ҳам иқтидорҳои бузурги ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои аъзои созмон пурра истифода нагардидаанд.
Аз ин лиҳоз, ҷаласаи имрӯзаи мо аҳаммияти хоссаро касб менамояд.
Мо имкон дорем, ки дар доираи он масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкориҳоямонро баррасӣ карда, бо дарназардошти воқеияти ҳол, самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи созмонро муайян намоем.
Вазифаи умумии мост, ки василаву заминаҳои ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро таъмин гардонем.
Мусоидат ба ҳамгироии бештару васеъ, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ ҳамчун унсурҳои калидии ҳамкории минтақавӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои мо бояд дар мақоми ҳадафҳои стратегӣ пазируфта шаванд.
Дар шароити имрӯза ташаккули низоми мукаммали нақлиётиву транзитӣ василаи муассири мусоидат ба раванди рушди тиҷорат ба шумор меравад.
Дар баробари ин, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва эҷоди низоми пайвандгари энергетикӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми ҳамкорӣ боқӣ мемонанд.
Дар ин замина имрӯз ва дар ояндаи наздик моро зарур аст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории муштарак, ки ба пайвастшавии шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетикии кишварҳои аъзои созмон мусоидат мекунанд, диққати дучанд диҳем.
Ҳамзамон бо ин, ба роҳандозии фаъолияти лоиҳавии созмон ҷиҳати мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои аъзо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва боло бурдани некӯаҳволии мардум бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.
Дар доираи созмон мо метавонем — бо истифода аз имкониятҳои худ -роҳҳои заминиро бо роҳҳои баҳрӣ тавассути ташаккули долонҳои нақлиётӣ пайваст намуда, раванди рушди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиро тақвият бахшем.
Ҳамчунин мо умедворем, ки дар татбиқи лоиҳаҳои барои пайванд ва ташаккули шабакаҳои энергетикии минтақавӣ ва эҷоди бозори энергетикии кишварҳои аъзои созмон таҳияшаванда саҳми бештар гузошта хоҳад шуд.
Аз ин лиҳоз, татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000, ки ҳамчун нахустин пули барқӣ миёни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шинохта шудааст, амри саривақтӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии ин лоиҳа — Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон — ба марҳалаи аввали корҳои сохтмон оғоз гардид.
Мо умедворем, ки ин тарҳи дорои аҳаммияти стратегӣ шабакаҳои энергетикии кишварҳои минтақаро бо ҳам пайваста, тибқи Ҳадафи 7-уми Рушди устувор, ба дастрасии васеи ҳамагон ба нерӯи барқи камхарҷу боэътимод мусоидат хоҳад кард.
Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи нерӯи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд.
Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд.
Ин захираҳо имкони истеҳсоли солона то 527 миллиард киловатт — соат нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тозаро медиҳанд ва имрӯз танҳо 5 фоизи онҳо истифода мешаваду халос.
Ва ин дар ҳолатест, ки талаботи бозори энергетикии минтақаи фарохи созмон ба нерӯи барқ рӯ ба афзоиш аст.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсол ва истеъмоли нерӯи барқ барои таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда, сохтмони иқтидорҳои нави тавлиди барқи обӣ, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири истифодаи сарфакоронаи он пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Ин тадбирҳо — баробари таъмини амнияти энергетикӣ дар сатҳи миллӣ — аҳаммияти минтақавӣ низ доранд, зеро ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рӯзафзуни ҳамсояҳои дуру наздики мо ба нерӯи барқ нигаронида шудаанд.
Дар маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба об ду ҷанбаи дигари муҳим вуҷуд дорад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи давлатҳои аъзои созмон қарор дода шаванд.
Якум, афзоиши шумораи аҳолӣ дар миқёси минтақа ва ниёзмандии рӯзафзун ба захираҳои об бинобар зарурати таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки дар назди мо вазифаҳои нав мегузорад.
Дар чунин шароит роҳандозии васеи мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва истифодаи самараноки онҳо бояд чун самти дигари ҳамкории мо арзёбӣ гардад.
Дуюм, бинобар болоравии ҳарорат дар сатҳи глобалӣ, раванди тағйирёбии иқлим суръат гирифта истодааст.
Кишварҳои мо, мутаассифона, аз таъсири манфии ин раванд ва пайомадҳои офатҳои табиии вобаста ба об дар канор намондаанд.
Барои мисол, дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ ҳамасола сабаби зарари зиёди моливу моддӣ ва талафоти ҷонӣ мегарданд.
Боронгариҳои тӯлониву обхезӣ, омадани селу ярч ва боридани барфи зиёду фаромадани тарма ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд расонида, дар ҷодаи таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ монеа эҷод менамоянд.
Имрӯз, аз нигоҳи мо, вақти он расидааст, ки дар доираи фаъолияти созмон як барномаи мукаммали ҳамдастии кишварҳои аъзои он ба хотири паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва дастгирии ҳамдигар дар мавриди сар задани ҳолатҳои фавқулода тарҳрезӣ ва татбиқ гардад.
Ҷанбаи дигари ояндадори ҳамкориҳои мо, ки мехостам атрофи он ибрози назар намоям, ин соҳаи саёҳӣ мебошад.
Тоҷикистон иқлими мусоид, табиати зебои дорои манзараҳои беназир ва ёдгориҳои зиёди таърихиву тамаддунӣ дорад, ки диққати саёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.
Бо назардошти ин имкониятҳо, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳа барномаҳои махсуси давлатиро омода намуда, мавриди татбиқ қарор додааст.
Дар доираи онҳо барои фаъолият дар соҳаи саёҳӣ як қатор сабукиву имтиёзҳо, аз ҷумла ҷиҳати воридоти таҷҳизоту маводи дигар барои рушди инфрасохтори он, пешбинӣ шудаанд.
Тавсеаи чорчӯбаи ҳамкориҳои кишварҳои шомили созмон дар ин соҳа, бешубҳа, боз як омили муассири рушди босуботи кишварҳои мо ва василаи самарабахши таҳкими робитаҳои байни мардумонамон хоҳад шуд.
Хонумҳо ва ҷанобон,
Ҳамкории минтақавӣ барои истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва тамоми минтақа ҳамоно яке аз ҳадафҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар ин росто, Тоҷикистон аз ҷалби ҳамсояи наздики худ – Афғонистон – ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ истиқбол менамояд.
Ба ин манзур, мо аз фаъолияти Фонди махсуси созмон оид ба барқарорсозии Афғонистон ва ҷараёни татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷдиди иншооти иҷтимоӣ дар он кишвар ҷонибдорӣ мекунем.
Афғонистон дар чорроҳаи АвруОсиё ҷойгир аст ва метавонад ҳамчун маркази транзитӣ барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна хизмат кунад.
Рушди захираҳои инсонии Афғонистон, омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зарурии шаҳрвандӣ яке аз афзалиятҳои муҳимми барномаи ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон маҳсуб меёбад.
Ҳоло дар Тоҷикистон садҳо нафар донишҷӯёни афғон таҳсил менамоянд.
Ҳамзамон, мо қарор додем, ки дар давраи то соли 2025 барои шаҳрвандони Афғонистон то 1000 ҷой бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намоем.
Тавре маълум аст, солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ба омодасозӣ ва қабули як қатор санадҳои муҳимми хусусияти глобалидошта фаъолона машғул мебошад, ки онҳо самтҳои рушди устуворро барои давраи то соли 2030 муайян месозанд.
Барномаи нави рушди устувор, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудааст, барои амалӣ шудани орзуву умеди мардуми мо ба ояндаи арзанда ва одилона нақши муҳим мебозад.
Дар барномаи мазкур вазифа ва мақсадҳои асосии рушди устувор дар се самти муҳимми афзалиятнок — рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист — ба таври мушаххас муайян карда шудаанд.
Дар ин замина, мо таҳияи санади нави Созмон – Дурнамои — 2025-ро, ки мақсади асосии он пурра ва сари вақт расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар минтақаи фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад, истиқбол менамоем.
Дар он самтҳои асосии ҳамкории муштараки мо барои дурнамои наздик муайян гардидаанд.
Умедворем, ки ин “харитаи роҳ” ба татбиқи мақсадҳои дар ин ҷода гузошташуда ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамчунин ба ҳамбастагиву ҳамгироии кишварҳои мо мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Мо ба ин санади калидии созмон бо назари нек менигарем ва итминон дорем, ки татбиқи самараноки он мавқеи созмонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам болотар мебарад.
Дӯстони гиромӣ,
Соли гузашта, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории фаъолонаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар чаҳорчӯбаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим – “Даҳсолаи байналмилалии амал: Об барои рушди устувор” барои давраи солҳои 2018-2028 қабул гардид.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам миннатдории худро ба ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои дастгирии иқдоми мазкур, ки бо иттифоқи оро тасдиқ шуда буд, баён намоям.
Итминон дорам, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар татбиқи нақшаҳои Даҳсолаи нав фаъолона ширкат варзида, дар самти амалигардонии ҳадафҳо ва вазифаҳои вобаста ба захираҳои об низ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Ҳукумати Тоҷикистон хоҳони муносибатҳои мутамаддин ва ҳамкориҳои васеъу воқеӣ бо ҳамаи кишварҳои хайрхоҳ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Ин мавқеъ созгори сиёсати хориҷии мост, ки бар усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила асос ёфтааст.
Зимнан, мо омодаем, ки ҳамшарикии худро бо ҳама мамлакатҳои шомили созмон дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо тақким бахшида, густариш диҳем.
Ба ин манзур, дар фарҷоми суханронии худ ба кори 13-мин мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барору комёбӣ орзу менамоям.
Изҳори умедворӣ менамоям, ки натиҷаҳои он боз як омили муассире дар тақвияти бештари ҳамкориҳои судманди иқтисодии кишварҳои мо хоҳад шуд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.