Тавре ки иттилоъ додем, имрӯз дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.
Президенти Россия Владимир Путин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар самти рушди бемайлон ва тавсеаи равобити гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии миёни халқҳои Тоҷикистону Россия бо ордени олии Федератсияи Россия – Ордени Александр Невский сарфароз гардонид.
Нишони орден салиби рости чоргӯшаи зарандудест,ки бо минои ёқутии гӯшаҳояш паҳн пӯшида шудааст. Кунҷҳои гӯшаҳои салиб мағзии барҷастаи борик доранд. Миёни кунҷҳои салиб расми уқоби дусара – шакли асосии Нишони давлатии Россия ҷойгир карда шудааст. Дар маркази салиб медалёни дорои мағзии барҷастаи борик тасвир шудааст. Дар майдони медалён симои княз Александр Невскийи аспсавор бо миноҳои ранга тасвир ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки бо Ордени Александр Невский ходимони барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ, намояндагони илм, тиб, маориф ва фарҳанг сарфароз гардонида мешаванд. Солҳои гуногун бо Ордени Александр Невский Евгений Примаков, Валентина Терешкова, Сергей Шойгу, Александр Лукашенко, Нурсултон Назарбоев ва дигарон сарфароз гардонида шуда буданд.