Тоҷикистон ва ҷаҳон

Оғози бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Вахш

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” барои бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта, дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия суҳбату мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Дар Душанбе рӯнамоии озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ гузаронида мешавад

Рӯйнамоии фаҳмондадиҳии ҳуҷҷатҳои озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазам амалкунандаи шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва тарзи пур кардани пешниҳодот дар Душанбе пагоҳ, 16 август баргузор мегардад.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 15 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои кишвар рӯ ба пастшавӣ меорад.

Страницы