Тоҷикистон ва ҷаҳон

Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар “Чорухдарон” ба анҷом расиданд

Дирӯз маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, ки 14 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд оғоз гардида буданд, дар машқгоҳҳои низомии «Чорухдарон» бо муваффақият ба анҷом расиданд.

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд. Дар ин бора маҷаллаи бритониёии “Wanderlust travel»  12 августи соли 2017  хабар дода, афзудааст: «Тоҷикистон 4-умин кишвари ҷаҳон аст, ки низоми осонтарини раводид дорад».

Ба навиштаи маҷалла, Тоҷикистон соли гузашта низоми электронии раводидро ҷорӣ кард ва феълан барои гирифтани раводиди сафар танҳо пешниҳоди нусхаи шиноснома кофӣ мебошад.

Соҳибкорони Тоҷикистону Чин ҳамоиш баргузор мекунанд

21 августи соли 2017 дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.

Страницы