Рӯйнамоии фаҳмондадиҳии ҳуҷҷатҳои озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазам амалкунандаи шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва тарзи пур кардани пешниҳодот дар Душанбе пагоҳ, 16 август баргузор мегардад.
Маросими рӯнамоӣ бо иштироки коршиносони маҳаллӣ ва машваратчиёни хориҷӣ тариқи скайп гузаронида мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд дар рӯнамоӣ, ки соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок намоянд.
АМИТ "Ховар"