Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҳошияи сафари худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ 25 сентябр бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Ҷенмин мулоқот анҷом дод.

БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: варзишгарони тоҷик дар Ашқобод 38 медал ба даст оварданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи нуҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соҳиби 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.

Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд

Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо  иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб ва мухлисони зиёди фарҳанги рус маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Страницы