Тоҷикистон ва ҷаҳон

«РӮЗИ СОҲИБКОРОН-2017»: бахшида ба ин рӯз дар Тоҷикистон тадбирҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд

Дар ҷумҳурӣ омодагӣ ба Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон, ки нимаи дуюми моҳи октябри ҳамин сол баргузор мегардад, идома дорад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Мулоқоти мазкур аллакай ба ҳукми анъана даромада, имсол маротибаи сеюм – дар Рӯзи соҳибкорон, ки аз соли 2014 инҷониб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борон ва раъду барқ дар назар аст

Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар шимоли кишвар боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ пастшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад.  

Дар Душанбе омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 идома дорад

То фарорасии фасли зимистон ҳамагӣ ду моҳи дигар боқӣ мондааст. Ҳанӯз аввали моҳи апрели соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» ба тасвиб расида буд.

Страницы