Тоҷикистон ва ҷаҳон

Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия машваратҳо доир шуданд

9 октябри соли 2017 дар шаҳри Москва бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳaқдод ва Котиби давлатӣ – муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Григорий Карасин миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия машваратҳо доир гардиданд.

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳарорат дар назар аст

Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. 

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар  ҳавои камабри беборишро пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат ду дараҷа баланд гардида, рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти ғарб дар як сония 3-8 метр мевазад.

Изҳори тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз таппидан боз монд.

Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон»-ро ба уҳда доштанд.

Страницы