9 октябри соли 2017 дар шаҳри Москва бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳaқдод ва Котиби давлатӣ – муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Григорий Карасин миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия машваратҳо доир гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо дар фазои анъанавии ҳусни эътимоду созанда масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуда, инчунин роҷеъ ба вазъияти минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
АМИТ «Ховар»