Тоҷикистон ва ҷаҳон

«Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ». Кумитаи рушди сайёҳӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ эълон менамояд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаозмунҳои ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» ва «Таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ» эълон менамояд.

Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуданд

Дар ҷаласаи  навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ  ва қабул гардид.

Ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Марат Орифов даргузашт

Дирӯз дар Душанбе пас аз бемории тӯлонӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва ҳунарманди шуҳратёри соҳаи кино Марат Орифов дар синни 84 дунёро тарк кард.

Марат Орифов 27 августи соли 1935 дар Сталинобод (Душанбеи ҳозира) таваллуд шудааст. Модари ӯ ҳунарпеша ва сароянда, Ҳунарпешаи мардумии СССР ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Туҳфа Фозилова мебошад.

Страницы