«Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ». Кумитаи рушди сайёҳӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ эълон менамояд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаозмунҳои ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» ва «Таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ» эълон менамояд.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, озмунҳо бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, инъикоси раванди эҳёву рушди сайёҳӣ,  фароҳам овардани шароити мусоид баҳри боз ҳам равнақу ривоҷ ёфтани он, инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, муайян намудани мақому манзалати туризм дар муаррифии миллату давлати тоҷикон миёни ҷаҳониён ва тарғиби тамаддуну фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 роҳандозӣ мегарданд.

Муҳлати қабули мавод то 8 ноябри соли 2018 сурат мегирад.

Суроға барои қабули мавод: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 78.

Маълумоти муфассалро метавонед тариқи телефонҳои (8 37) 2278479, financetourism.tj@mail.ru ба даст оред.

АМИТ "Ховар"