Тоҷикистон ва ҷаҳон

ДӮСТӢ САРҲАД НАДОРАД. Гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк»-и ноҳияи Спитамен расман ифтитоҳ гардид

Дирӯз бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода, муовини якуми ҳокими вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алимардон Қаршиев, ҳокими шаҳри Бекобод Зафар Файзуллоев ва дигар шахсони расмӣ бо ширкати ҳазорон сокинони ду минтақаи сарҳадӣ гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк» ифтитоҳ ёфт.

Нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз мешаванд

Имрӯзҳо бо шарофати иродаи сиёсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев раванди беҳбуди қобили таваҷҷуҳе дар  муносибатҳо миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба  мушоҳида мерасад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маркази миллии тестӣ: марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз гардид

Шурӯъ аз имрӯз, 1 марти соли равон  марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии (ИМД)-и соли 2018 оғоз гардид.

Страницы