Дирӯз бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода, муовини якуми ҳокими вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алимардон Қаршиев, ҳокими шаҳри Бекобод Зафар Файзуллоев ва дигар шахсони расмӣ бо ширкати ҳазорон сокинони ду минтақаи сарҳадӣ гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк» ифтитоҳ ёфт.
Баъд аз буридани лентаи рамзӣ ва садо додани сурудҳои миллии ҳарду давлат раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода иброз дошт, ки «ифтитоҳи расмии гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк», ки бо ташаббуси роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, махсусан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, боиси рӯҳбаландӣ ва хушҳолии халқҳои тоҷику ӯзбек гардидааст».
Таъкид гардид, ки дӯстӣ сарҳад надорад ва изҳори умед карда шуд, ки дар оянда муносибатҳои дӯстонаву фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек аз ин ҳам бештар ривоҷу равнақи тоза меёбанд.
Баъдан муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, муовини аввали ҳокими вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алимардон Қаршиев, ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зафар Файзуллоев, собиқадори меҳнат аз ноҳияи Спитамен Марҳамат Абдулҳаева, собиқадори меҳнат аз шаҳри Бекобод Абдуллоҷон Истамов сухан гуфта, сокинонро бо ин рӯйдоди таърихӣ муборакбод намуданд. Намояндагони ҳарду давлат аз намоиши ҳунарҳои миллии ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод боздид намуданд.
АМИТ "Ховар"