Тоҷикистон ва ҷаҳон

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Амр ба имзо расониданд.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.  Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.

2. Дар боғи мазкур пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта шавад.

Ёсуман ва Манижа сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардиданд

Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева сазовори   стипендияи Раиси шаҳри Душанбе   Рустами  Эмомалӣ  гардиданд.   Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  ба  номбурдаҳо  ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018  стипендия таъйин  гардид.

Страницы