Хабар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмиллалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.

Страницы