Хабар

Имрӯз дар Душанбе Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад

Имрӯз, 15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФНБА) баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид

14 сентябр дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертӣ – «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар Душанбе ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мукофоти олии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ «Нишони фахрӣ» тақдим шуд

14 сентябр Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар Қасри миллат меҳмони олимақомро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифтанд.

Страницы