Хабар

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ — ИМА” ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд.

9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд

9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов, ки дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ иштирок дорад, иттилоъ дод.

Ҳайати пурраи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ дар шаҳри Ханжоуи Чин муайян шуд

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, муайян шуд. 138 варзишгар Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур аз 23 сентябр то 8 октябр муаррифӣ менамоянд. Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ ба Бозиҳои Осиёӣ шумораи бештари варзишгаронро равон менамояд. Дар ин хусус ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Страницы