Хабар

Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон мумфарш мегарданд

Бахшида ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ноҳияи Ёвон  тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои маркази  ноҳияро навсозӣ ва мумфарш намоянд.

Дар Суғд ғолибони мусобиқаи волейбол байни донишҷӯён муайян шуданд

Бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи волейболи Тоҷикистон мусобиқаи даставии волейбол, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии вилояти Суғд ташкил шуда буд, ба охир расид. Дар ин бора аз Федератсияи волейболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд

Футболбозони тоҷик дар Дубай бо дастаҳои мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн бозии рафиқона доир мекунанд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 7 ноябр бо дастаҳои  мунтахаби  Баҳрайн ва 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бозии рафиқона доир мекунад. Ҳарду рақобати шогирдони Усмон Тошев дар меҳмонӣ дар шаҳри Дубай сурат мегиранд.

Страницы