Дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «Боғи ҳайвонот» сохта мешавад

Дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «Боғи ҳайвонот» -и муосири ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта мешавад.  Боғи мазкур дар масоҳати 13 гектар бунёд шуда, барои зиёда аз  1500 сар  ҷонвар пешбинӣ гардидааст. Сохтмони он соли 2021 оғоз мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

«Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии  пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи технологияи  муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст»,-афзуд манбаъ.

Мавзеи  ҷудогардида   барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот,  парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани  шароити озоди гашту гузори  ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад,  ба назар гирифта шудааст.

Тибқи лоиҳаи ангоравии «Боғи ҳайвонот»  дар  масоҳати 0, 40 гектари он  биноҳои маъмурию хизматрасонӣ сохта шуда, 0,85 гектар барои нигоҳубин ва барои ба намоиш гузоштани ҳайвоноти Тоҷикистон, 0,46 гектар барои ҳайвоноти хонагии минтақаи Тоҷикистон, 0,70 гектар барои ҳайвоноти Австралия, 0,84 гектар барои ҷонварони Амрико, 0,61 гектар барои ҳайвоноти Осиё, 0,90 гектар барои ҳайвоноти Африқо пешбинӣ гардидааст. Дар масоҳати 0,53 гектари боғ кӯл бунёд мегардад. Минтақаҳои мазкур бо дарназардошти миҷози ҷонварон ҷиҳозонида мешаванд.

Дар  «Боғи ҳайвонот»  ҳамчунин бунёди ду каҳвахона, мағозаи фурӯши  ҳайвонот, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва ду таваққуфгоҳ барои нигоҳдории 130 мошин дар назар дошта шудааст.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, то сохта ба истифода додани боғи нави ҳайвонот, дар «Боғи ҳайвонот»-и амалкунанда низ барои тамошои сокинон тамоми шароит фроҳам оварда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд. Баҳри таъмини тозагиву ободонӣ ва нигоҳубини ҳайвонот 50 нафар кормандон фаъолият намуда, аз ҷумла 32 нафар мутахассисони варзида сафарбар гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки давоми чанд соли охир дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ аз як қатор кишварҳои хориҷӣ ба боғ намудҳои гуногуни ҳайвонот ворид карда шудаанд, ки диққати сокинонро ба худ ҷалб намудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: