Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи оби Тоҷикистонро қабул кард
Опубликовано вт, 22/12/2020 - 14:17 пользователем admin21 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 75-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», ки аз сӯи Тоҷикистон ва Нидерланд бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи кишварҳои узви СММ — 190 давлат пешниҳод шуда буд, қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.