Кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд

Имрӯз кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯзҳо маъракаи ваксинагузаронӣ бар зидди бемории COVID-19 миёни кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (COVAX) қисми якуми ваксина дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Тибқи нақша, нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм  ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: