Хабар

Дар ноҳияи Ванҷ 60 иншоот ба истифода дода шуданд

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Ванҷ 85  бинои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. То
ба имрӯз беш аз 60  адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони эронии худ бозиҳои дӯстона доир менамояд

23 ва 26 декабр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби  наврасони  то  16-солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешаванд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Кӯлоб вобаста ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ ҷаласаи корӣ доир шуд

21 декабр таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир шуд.

Страницы