Хабар

Раиси вилояти Хатлон ва муовини Сарвазири Тоҷикистон ба дидани деҳаҳое, ки бар асари ярч дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ осеб дидаанд, рафтанд

Мутобиқи иттилои фаврӣ, бар асари бориши шадид дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки боиси фаромадани ярч шуд, 15 хона комилан хароб, қариб 100 гектар замини корам ва 2 гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зарар диданд. Пули шоҳроҳи Абдураҳмони Ҷомӣ — Ёвон низ аз офати табиӣ осеб дидааст.

ФУТБОЛ. «Истиқлол» бозии нахустинашро дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон бо ғалаба оғоз намуд

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  пас аз иштироки муваффақона дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар Лигаи олии Тоҷикистон аввалин бозиашро анҷом дод.  «Истиқлол» дар доираи бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи КМВА бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Страницы