Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис меёбад
Опубликовано пт, 29/12/2023 - 10:04 пользователем tvtЗимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.
Агентии мазкур бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.