Дар қароргоҳи СММ омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе баррасӣ гардид
Опубликовано ср, 25/05/2022 - 09:13 пользователем tvtТВТ. 25.05.2022. 23 май дар қароргоҳи СММ мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женмин доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.