Дар Швейтсария масъалаи барқарор намудани намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

ТВТ.05.07.2022. Зарурати роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи «Механизми васеи  қарздиҳӣ» аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), барқарор намудани намояндагии доимии Хазина дар Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳо ва ислоҳотҳо нақши  ҳамоҳангсозро иҷро мекунад, дар  мулоқоти  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҳоким Холиқзода  бо Директори ХБА  хонум Кристалина Георгиева дар доираи баргузории ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи  Электорати ХБА  дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария баррасӣ шуд. Дар  ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории самарабахши ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеаи ҳамкории оянда изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Мавсуф омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои муколамаи озод ва ҳамкорӣ баён намуда, ҷиҳати баргузории ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар соли 2026 дар Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати ХБА аз 3 то 6 июл дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария идома дошта, дар он ҳайати расмии Тоҷикистон бо шумули Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода,  Раиси Бонки миллӣ  Ҳоким Холиқзода ва намояндаи ҷумҳурӣ дар БҶ ва ХБА Илҳом Раҷабов иштирок дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: