Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Кормандони Кумитаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори 33- солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 нафар кормандон ва ҳунармандони дастаҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод.

Страницы