Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ «Саноати Ашт» оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” расман оғоз бахшиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба ятимон туҳфаҳои идона тақдим намуданд

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар Корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Туҳфаҳои Пешвои миллат аз сару либос, лавозимоти хониш ва маблағҳои пулӣ иборат аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти ҶДММ «Рахшона» шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”, ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

Страницы