Хабар

Дар Душанбе Дави миллӣ баргузор мегардад

Пагоҳ, 3 сентябри соли 2016 аз соати 7:00 то 11:00 дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ гузаронида мешавад. Дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз мегардад ва дар он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ варзишгарону нафарони касбу кори гуногун ширкат меварзанд.
Мусобиқаи мазкур ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, мақсади он таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонию варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар давоми 25 соли истиқлолият дар ноҳияи Рашт иншооти муҳим бунёд гардидаанд

Агар симои имрўзаи ноҳияи Раштро ба симои 25 сол пеши он муқоиса намоем, дигаргуниҳои куллие, ки дар ҳама ҷабҳаҳо ба вуҷуд омадаанд ва ба ноҳия зебу зиннати тоза зам намудаанд, пурра ва баръало ба чашм мерасанд. Дар ин давом дар қаламрави ноҳия иншооти бузург ба истифода дода шуданд, ки на танҳо аҳамияти ноҳиявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ низ доранд. Бинои Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар маҳаллаи Э. Муҳиддинови шаҳраки Ғарм ба маблағи зиёда аз 39 млн.

Дар ноҳияи Лахш дар баландии 32 метр байрақи Тоҷикистон насб гардид

Бо мақсади истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Лахш корҳои ободонӣ вусъат меёбанд. Дар робита ба ин, тозакунии кӯчаҳо, сабзазоркунию гулзоркунии маркази шаҳраки Ваҳдат ва ҷамоати деҳоти Ҷиргатол бо маром идома дошта, сохтмони зиёда аз 22 иншооти ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Страницы