Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Малайзия Наҷиб Тун Абдул Раззоқ
Опубликовано вт, 02/08/2016 - 13:39 пользователем tvtДар ҳошияи Форуми ҷаҳонии исломӣ-иқтисодӣ дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Тун Абдул Раззоқ мулоқот кард.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуда, мақоми хосса доштани ҳамёрӣ бо Ҷумҳурии Малайзия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.