Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида Найҷел Миллс ва Пол Монангонро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд. Абдураҳмон Қодирӣ таъкид намуд, ки давоми ду-се соли охир барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Ӯ аз эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибҳунар намудани ҳазорҳо бонувон, таъсиси грантҳои мақомоти иҷроия барои дастгирии бонувони соҳибҳунар, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ, бунёди шаҳракҳои наву замонавӣ ёдовар шуд. «Дар натиҷаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳазорон нафар бонувон дар риштаҳои гуногун соҳибҳунар гардида, сатҳи зиндагии худро беҳтар мегардонанд. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ имкон дод, ки шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ паст карда шавад. Имрӯз сокинон барои истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ заҳмат кашида истодаанд»,-илова намуд А. Қодирӣ.
Дар айни замон маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои ин минтақа ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Чин, Туркия ва Қазоқистон содирот мешаванд.
Ҳайати намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида Найҷел Миллс ва Пол Монангон таассуроти худро доир ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», шаҳраки Сайҳун, Қасри Арбоб ва Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд баён намуда, таъкид намуданд, ки вилояти Суғд дорои имконоти зиёд дар бахшҳои мухталиф аст. Меҳмонон ҳамзамон омодагиашонро ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратӣ, ворид намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ ва маблағгузорӣ баҳри рушди соҳаҳои кишоварзиву саноат изҳор намуданд.
АМИТ «Ховар»