Хабар

Нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон барои зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ мераванд

Нахустин гурӯҳи  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нияти зиёрати  Каъба 21 август тавассути хатсайри Душанбе-Мадина озими Арабистони Саудӣ мегарданд.

Сафири Эрон ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуд

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии  сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушти устувор, ки таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» дар шаҳри Душанбе идома дорад, обро маводе номид, ки аҳамияти он дар ҷаҳон рӯз ба рӯз меафзояд ва «арзишаш дар оянда аз нафт ҳам бештар мешавад». Дар ин бора агентии иттилоотии «Форс» хабар додааст.

Комроншоҳи Устопириён аз рақиби гурҷияш мағлуб шуд

Гуштингири тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар қувваозмоии нахустин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақиби гурҷиаш Варлам Липартелиани шикаст хӯрд. 10 август Комроншоҳ дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило вориди рақобат гардид, аммо натавонист пирӯз шавад.
Ҳаждаҳ сония қабл аз анҷоми рақобат Варлам Липартелиани Комроншоҳро ба замин хобонда, 20 сония ба ӯ имкон надод, ки аз чанголаш халос

Страницы