Хабар

Мағлуб шудани паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ

Имрӯз паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар нахустин даври мусобиқоти ҷу-до дар вазни то 90 килограм аз рӯи барномаи Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз варзишгари Гурҷистон Варлам Липартелиани мағлуб гардид.

Мулоқоти Пешвои миллат бо Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмарро ба ҳузур пазируфт.

Анвар Юнусов аз ҳуқуқи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гардид

Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов  ҳангоми муҳориба бо ҳарифаш Робсон Консейкао аз Бразилия бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар қувваозмоии шаби гузашта баъди раунди аввал Анвар Юнусов бо иллати дарди дасти росташ аз идомаи рақобат даст кашид ва Робсон Консейкао ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дасти рости Анвар Юнусов дар гузашта ҷарроҳӣ шуда буд ва дар қувваозмоӣ бо Ҷун Шан, муштзани чинӣ дар даври аввали мусобиқот (6 август)

Страницы