Хабар

Сокинони шаҳру навоҳии мамлакат бо нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мешаванд

Дирӯз дар толори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Соли 2016 аз ҳудуди вилояти Хатлон 91 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст

Дар соли 2016 иҷрои дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 163,6 фоиз таъмин гардида, аз ҳудуди вилояти Хатлон 91 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 9537 тонна зиёд мебошад. Дар ин самт саҳми ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд назаррас аст. Ин матлабро раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон таъкид намуд.

Ба варзишгарони беҳтарини соли 2016 ҷоизаҳо тақдим шуданд

Имрӯз, 10 январ дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони соли 2016 баргузор шуд.
Дар маросим Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт, ки Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард.

Страницы