Шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба изҳороти мансабдорони афғон
Опубликовано чт, 12/01/2017 - 13:30 пользователем tvtВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Афғонистон дар Федератсияи Россия Абдулқаюми Кучай, ки дар он ӯ аз ҷумла, вазъи минтақаи Осиёи Марказиро арзёбӣ карда, дар ҳаққи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханони ғайри қобили қабул гуфтааст, шинос гардид. Дар робита ба ин 31 декабри соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуд.