Хатсайри ҳавоии миёни Душанбе-Тошканд аз кай ба роҳ монда мешавад?
Опубликовано пн, 30/01/2017 - 14:52 пользователем adminҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар медиҳад, ки дар мувофиқа бо роҳбарони давлатҳо ва Ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 10 феврали соли ҷорӣ хатсайри ҳавоии миёни Душанбе-Тошканд аз нав ба роҳ монда мешавад.
Минбаъд ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа, парвозҳоро тавассути хатсайри Душанбе-Тошканд ва Тошканд-Душанбе оғоз менамояд.