Дар корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамиди шаҳри Сарбанд зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил мешаванд
Опубликовано вт, 31/01/2017 - 12:35 пользователем tvtБо мақсади таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расидааст.