Хабар

Анҷоми сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз дар ҳошияи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хосса ва дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор шуд.

Конфронс бахшида ба Рӯзи матбуот дар Конибодом

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи матбуот, ки 11 март таҷлил мешавад, таҳти унвони «Таърихи пурғановати рӯзномаи мо» конфронси адабӣ баргузор гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуотии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Пешгирии қочоқи 35 ҳазор қуттичаи “PINE” дар сарҳад бо Афғонистон

Кормандони нуқтаи гумрукии «Панҷи-Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ ронандаи мошини тамғаи «ДАФ»-ро,  ки рақами давлатиаш ТҶ 42-06 РР 01 аст  бо ҷурми дар бордони мошин доштани маводи тамоку боздошт кардаанд.

Страницы