Хабар

Барселона ПСЖ-ро бо ҳисоби 6-1 мағлуб кард

Барселона дар бозиҳои 1/8 финали Лигаи чемпионҳои Аврупо дастаи ПСЖ-ро дар майдони худ бо ҳисоби 6-1 мағлуб сохта, ба даври дигари Лигаи чемпионҳо роҳхат гирифт. 
Бояд ёдовар шуд, ки бози аввали байни ду дуста бо ҳисоби 4:0 ба ҳисоби ПСЖ анҷом ёфта буд.

Имрӯз ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе борон меборад

havo.jpgИмрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борону барф ба қайд гирифта шудааст. Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд, имрӯз дар нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамла ба бемористони Кобул беш аз 30 кушта бар ҷой гузошт

Шумори қурбониёни ҳамла ба бемористони низомии шаҳри Кобули Афғонистон, ки субҳи 8 март анҷом шуд, аз марзи 30 нафар убур кардааст.

Страницы