Ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Бишкек

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон 14 апрел ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад. Ба огаҳии сомонаи расмии Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИА), ин тасмим 5 апрел дар ҷаласаи Шӯрои КИА гирифта шуд.

Раиси ҳайати КИА Тигрон Саркисян ҳангоми оғози ҷаласа дар робита ба ҳамлаи хунини шаҳри Санкт-Петербург ҳамдардӣ баён карда, гуфт, "ин ҷинояти зиддиинсонӣ ҳеч тавҷеҳе надорад".

Муовинони сарвазири кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) масоили марбут ба ҳамкориҳои гумрукию сиёсати тиҷориро баррасӣ ва ба мавзуи робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ бо кишварҳои севум таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Агар раҳбарони кишварҳои узв тағйирот ба низомномаро тасдиқ кунад, ба Шӯрои КИА барои тасмимгироҳо дар бахши танзими гумрукӣ як қатор салоҳиятҳои нав дода мешавад. Ин навоварӣ бо Кодекси гумруки ИИАО ҳамзамон ба иҷро хоҳад даромад.

Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Бишкек қарор аст, дархости Молдоваро низ барои пайвастан ба ИИАО ҳамчун узви нозир баррасӣ кунад. Ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳо бо Эрон низ баҳс хоҳад шуд.

Tags: