Хабар

Дар се рӯзи охир дар ҷумҳурӣ лағзиши беш аз 80 тарма ба қайд гирифта шуд

17, 18 ва 19 феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаҳои калон ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти аҳолии маҳаллӣ, чунин боришоти зиёд ва тармафароӣ тайи 20-30 соли охир рух надода буд.

Наҷоти 78 мусофир ва ронандагони мошинҳои дармонда аз муҳосираи тарма дар се рӯзи охир

mashina_sneg.jpgЛағзиши бештар аз 80 тарма зарфи се рӯзи охир 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира гирифтааст. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.
Рӯзҳои 17, 18 ва 19-уми феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди  Душанбе - Хоруғ- Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва бахусус дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаи бузургҳаҷм ба қайд гирифта шудааст. Бино ба гуфтаи сокинони

Чанд нафар корманди IRS зимни адои вазифаи хизматӣ зери тарма монданд

lavina.jpgНимаи дуюми рӯзи 18 феврали соли равон дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, ӽафт нафар кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бедарак шуданд. Субӽи дирўз аз ашхоси бедаракшуда се нафарашон аз зери тарма наҷот дода шуда, шоми ҳамин рӯз нафари дигар наҷот ёфт. Мутаассифона, чанд лаӽза пеш ҷасади 3 нафар бедаракшудаи дигар аз ҷониби кормандони филиали Ширкат ёфт гардиданд.

Страницы