Хабар

Дар Бадахшон бар асари тармафароӣ беш аз 70 мошини мусофирбару боркаш дармондаанд

tarma.jpgНазар ба иттилои навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Мансурхон Додихудоев, роҳи Душанбе-Хоруғ чаҳор рӯз ин ҷониб баста буда, кормандон кӯшиш доранд сари вақт роҳро тоза кунанд. «Зиёда аз 70 мошини мусофирбару боркаш дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дармонда, мусофирон ба ноҳияи Ванҷ интиқол дода шудаанд. То кушода шудани роҳ онҳо дар хонаҳои сокинони деҳот мемонанд.

КҲФ: Ҳанӯз хавфи тармафароиву сангрезӣ вуҷуд дорад, эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои наздик дар ҳудуди ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ ҳамоно боқӣ мемонад.

Страницы