Бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид намудани маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз Чин сабаби оғози парвандаи ҷиноятӣ гардид

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Н. Ф., соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, ҳамчунин намояндаи ширкати ҶДММ «Юнайтед — Терминал» дар асоси ваколатнома, бо маслиҳати пешакӣ барои ба даст овардани даромади муфт, ба воситаи нақлиёти рақами қайди давлатиаш 58 20 ВВ 01, ядакаш 02 85 АА 01, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 29 номгӯй молҳои мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла таҷҳизоти техникӣ ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёти боркашонӣ бо вазни умумии 14 ҳазору 800 килограммро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ, яъне бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, дар анборхонаи шахсии худ, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои нигоҳ доштан интиқол додааст.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд Н. Ф. ва дигарон 767 ҳазору 39 сомониро ташкил медиҳад.

Нисбат ба шаҳрванд Н. Ф. аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тибқи тобеияти тафтишотӣ барои тафтишоти минбаъда ба муфаттишони мақомоти прокуратура вогузор карда шуд.

АМИТ "Ховар"