Хабар

ИМА «Давлати исломӣ” –ро бо бузургтарин бомбаи дунё нишон гирифт

Низомиҳои Амрико дар вилояти Нангарҳори Афғонистон бузургтарин бомбаи ғайриҳастаии ҷаҳонро партоб карданд. Амрико хабар медиҳад, ки бомбаи GBU-43 соати 7:32 дақиқаи вақти маҳалии 13 апрел ба нақби ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар мавзеи Ачин, дар наздикии марз бо Покистон партоб шудааст.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд то соати 22-и шаб фаъолият мекунад

Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2017 127 ҳазору 978 хонанда ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 ҳазору 141 нафар зиёд аст. Тибқи иттилои муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, ба узвияти китобхона танҳо дар семоҳаи аввали соли равон 7152 нафар пазируфта шудаанд.

Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов мулоқот намуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов мулоқот намуд.

Страницы