Хабар

Маҳфили гиромидошти соҳиби «Хонаи асрори маънӣ» дар Китобхонаи миллӣ

Бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар толори «Ошёни булбулон» маҳфили адабӣ оид ба гиромидошти хотираи шахсияти фарҳангӣ, муассиси китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» Рамазон Ғозӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.

Ҷамъбасти озмунҳои соҳаи тандурустӣ дар пойтахт

Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддию маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва беҳтар намудани  хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии  пойтахт қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол  2016», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию  санитарии сол — 2016», «Табиби сол — 2016», «Табиби оилавии сол — 2016» ва «Корманди миёнаи тибби сол — 2016»» ба тавсиб расид.

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Страницы