Намояндаи Тоҷикистон дар Литва нақши Суди конститутсиониро дар таъмини суботи конститутсионӣ муҳиму назаррас арзёбӣ намуд
Опубликовано чт, 21/09/2017 - 10:16 пользователем tvtДар Ҷумҳурии Литва Конгресси IV байналмилалӣ оид ба адолати судии конститутсионӣ дар мавзўи «Волоияти ҳуқуқ ва адолати конститутсионӣ дар ҷаҳони муосир» доир гардид. Дар кори он судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода вобаста ба волоияти ҳуқуқ ва адолати судии конститутсионӣ суханронӣ намуда, нақши Суди конститутсиониро дар таъмини суботи конститутсионӣ муҳиму назаррас арзёбӣ намуд.


Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.