Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Канада 25 сол сипарӣ мешавад ва дар ин давра ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки дар асоси усулҳои ҳусни эҳтиром, эътимод ба ҳамдигар ва эътирофи мутақобилаи манфиатҳо оғоз ёфтаанд, дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду такомул пайдо кардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки чониби Тоҷикистон кумакҳои Канадаро ба сохторҳои қудратӣ, таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии фаъолияти Коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон, ширкати коршиносони кишвари Канада дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон ва Афғонистон баланд арзёбӣ менамояд.
Барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, амнияту бехатарӣ ва идоракунии сарҳад фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.
Дар робита ба хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳарду ҷониб зарурияти тақвияти ҳамгироиҳои байнидавлатиро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид намуданд.
Табодули афкори судманд ҳамчунин доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ ҷониҳо сурат гирифт.
Мулоқот дар руҳияи созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид намояд.