Хабар

«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН». Дар Нашриёти «Ирфон» китоби нав чоп шуд

ТВТ.10.09.2022. «Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон Муассисаи нашриявии «Ирфон» китоби номзади илмҳои фалсафа Ойниёл Назриеваро дар матбааи ҶДММ  «Аржанг» ба нашр расонид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар нашриёти мазкур.

Дар Душанбе беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

ТВТ.10.09.2022. 8 сентябр муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода бо гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба тарҳрезии марҳилаи панҷуми Барномаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» (БРАМОМ-5) мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумрук.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳадаф аз бунёди муҷассамаи «Истиқлол» ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик мебошад»

ТВТ.10.09.2022.  8 сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани майдони «Истиқлол» тазаккур доданд, ки ҳадафи бунёди муҷассамаи «Истиқлол» дар Душанбе ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик мебошад.

Страницы