ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. Ҷазо барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона пурзӯр карда шуд

Минбаъд ҷазо барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ пурзӯр карда мешавад, яъне таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол пешниҳод шудааст. Дар ин хусус зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 4 октябри соли равон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар иҷлосия ҳамчунин гуфта шуд, ки тибқи лоиҳаи қонуни мазкур барои идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи шамолгардони пешорӯй ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима муқаррар карда мешавад, зеро мутобиқи талаботи «Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (СТ ҶТ 1122-2022) «Шишаҳои бехатар барои нақлиёти рӯизаминӣ» сиёҳу хира кардани шишаи шамолгардони пешорӯи воситаи нақлиёт манъ аст. Ҳамзамон, нисбат ба моддаи 330, ба диспозитсияи қисми 1 илова оид ба идора кардани воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи пешорӯй пешбинӣ шуда, ҷазои маъмурӣ пурзӯр гардида, ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиднақш Раҳмонзода зимни баррасии ин масъала иброз дошт, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур татбиқи ҷазои маъмурии сазовор нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёт барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, бо рақами қайди давлатии бегона, ки ба баланд бардоштани интизом дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мусоидат менамояд, мебошад. Ҳамчунин, мутобиқ намудани он ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аст.

«Қабули лоиҳаи ин Қонун имконият медиҳад ки интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ баланд гардида, ҳолатҳои мусоидаткунандаи ба миён омадани омилҳои коррупсионӣ бартараф шавад. Инчунин, истифодаи воситаҳои нақлиёт бо рақами бегона, майли ронандагон ба истифодаи воситаи нақлиёт бо рақами бегона ва истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи шамолгардони пешорӯй коҳиш ёбад»,-афзуд Саиднақш Раҳмонзода.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода ин масъаларо шарҳ дода, илова кард, ки Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пурзӯр намудани татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёт барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, бо рақами қайди давлатии бегона, инчунин, барои дараҷаи вазнинии қоидавайронкунӣ, ки ба баланд бардоштани интизом дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мусоидат менамояд, таҳия гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

Tags: