Рӯзҳои наздик дар Душанбе нахустин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад. Дар робита ба ин, таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукот Матлубахон Сатториён ҷаласаи тадорукоти ин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ доир шуд.
Дар ҷаласа натиҷагирӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба баргузории ин Синамоҷашнвораи якуми байналмилалӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз давлатҳои гуногун барои иштирок дар озмунҳои ин синамоҷашнвора зиёда аз 200 дархост ворид гардида, бештар аз 75 филмро комиссияи қабул мавриди баррасӣ қарор дод. Вобаста ба талаботи Низомномаи Синамоҷашнвора 75 филм (16 филми пурра ва 9 филми кӯтоҳ) интихоб ва ба таваҷҷуҳи ҳакамони байналмилалӣ пешниҳод гардид.
Дар хотимаи ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукот Матлубахон Сатториён даъват ба амал овард, ки масъулини тамоми сохторҳои марбута барои дар сатҳи баланд доир намудани Синамоҷашнвора мусоидат намоянд.
Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Мақсади он аз дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» иборат мебошад.
Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» барои мутахассисони соҳаи кинои байналмилалалӣ арсаи муҳим арзёбӣ гардида, дар он филмбардорони маъруфи давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок менамоянд.
Дар ин робита тартиби баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе омода гардида, кумитаи тадорукот, инчунин нишон, рамз ва «Шоҳҷоиза»-и он таҳия ва тасдиқ гардидааст. Нишон бо нақшҳои миллӣ оро ёфта, дар дохили рамз тоҷ ҷойгир аст ва дар атрофи он бо ҳуруфоти англисӣ «Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе», «Таърихи рушди тоҷикон» навишта шудааст. «Шоҳҷоиза» дар шакли ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон интихоб гардида, бо сифати баланд омода мешавад.
Дар доираи Синамоҷашнвора ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ, Рӯзҳои кинои давлатҳои хориҷӣ, намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе, дарси «Устод ва шогирд» пешбинӣ шудааст.